Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид

11.01.2020 11:38, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам.

Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд.

Марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳотҳои зиёдеро ба роҳ монд.

Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем. 

Вобаста ба ин талафоти бузург, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми бародари Салтанати Умон баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам. Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520