Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон

03.03.2010 16:00, ноҳияи Ёвон

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар маросими ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти саноатӣ, шиносоӣ бо рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард.

Роҳбарият ва аҳли ҷамоаи ноҳия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон бо шиносоӣ бо кори гармхонаҳои назди корхонаи пахтатозакунии ноҳия оғоз ёфт.

Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо бояд 22 гармхона бунёд ёбад. Айни ҳол 4 гармхона омода аст ва 4 - тои дигараш дар ҳоли сохтмон қарор доранд.

Дар 4 гармхонаи омодагашта бо усули камхарҷ, яъне бе истифода аз нерўи барқ ва дигар навъҳои сўзишворӣ парвариши бодиринг, помидор, лиму, афлесун, кабудӣ ва навъҳои гуногуни гул ба роҳ монда шудааст.

Дар 4 гармхона 12 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, ки маоши миёнаашон 500 сомонӣ аст. Оянда шумораи коргарон дар ҳамаи гармхонаҳо ба 52 нафар хоҳад расид.

Масоҳати замини кишти ҳар як гармхона ба 8 садяк баробар аст ва деҳқонони соҳибтаҷрибаи он умед доранд, ки аз як гармхонаи помидор дар як мавсим то 6 тонна ҳосил ба даст оранд. Гармхонаи бодиринг тақрибан 8 тонна ҳосил медиҳад. ҳосили бодиринг дар ҳар се рўз ҷамъоварӣ мешудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурўҳ донишҷўёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, ки барои таҷрибаоўзӣ омадаанд, сўҳбат намуд. Ба роҳбарияти донишгоҳ ва дигар масъулини дахлдор оид ба барқарор намудани хоҷагиҳои таълимию таҷрибаомўзӣ ва таъмини робитаи илм бо истеҳсмолот супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон ташриф оварда, дар маросими тантанавии оғози сохтмони ду корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли криолит ва фториди алюминий иштирок намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар фазои тантанавӣ гузошта, ба сохтмони ин корхонаҳои саноатӣ оғози расмӣ бахшид.

Чунонки дар рафти шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони ин ду ва дигар корхонаҳои саноатии оянда дар ин ҷо бунёдёбанда маълум шуд, ҳамаи ин корхонаҳо аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии он сохта мешаванд. Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосӣ аз бунёди ин корхонаҳо таъмин намудани КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» бо ашёи хоми ватанӣ барои истеҳсоли алюминий мебошад. Ба иттилои шарикони КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» аз ширкати «CHMC» - Ҷумҳурии Мардумии Чин, ин ду корхона бояд дар 1 сол сохта ба истифода дода шаванд. Ин корхонаҳо бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна криолит ва 18 ҳазор тонна фториди алюминий кор хоҳанд кард, ки ин ҳаҷми маҳсулоти онҳо эҳтиёҷоти имрўза ва ояндаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» - ро пурра қонеъ мегардонад.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» имкон дорад, ки оянда тамоми эҳтиёҷоти худро бо ашёи хом аз дохили мамлакат таъмин намуда, бо кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ва расмиёти байнидавлатӣ арзиши аслии алюминийи аввалияро хеле поин барад.

Дар корхонаҳои криолит ва фториди алюминий барои 250 нафар ҷойҳои кории доимӣ бо маоши баланд муҳайё хоҳад шуд. Оянда дар паҳлуи ин ду корхона ҳамчунин як корхонаи нави кимиё ва корхонаҳои истеҳсоли кислотаи сулфат ва хокаи алюминий низ бунёд мешаванд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё хоҳад гашт.

Айни ҳол бинои маъмурии ин корхонаҳо пурра омода буда, хобгоҳи коргарони бинокор низ қариб тайёр шудааст. ҳардуи ин биноҳо барои таъмини коргарон бо шароити зарурии корӣ бунёд ёфтаанд.

Чунонки аз сўҳбат бо роҳбарияти корхонаҳои сохташаванда ва мутахассисон маълум шуд, барои таъмин намудани онҳо бо кадрҳои баландихтисоси миллӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Оби Мукии ноҳияи Ёвон ташриф оварда, бо кори маҷмааи навташкили зотпарварии Баракат аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, маҷмааи мазкур 15 декабри соли 2008 ташкил шудааст ва айни ҳол дар ин ҷо 800 сар чорвои калони хушзоти шведӣ парвариш меёбанд. Аз онҳо 102 – тоаш говҳои ҷўшо мебошанд. Чорводорон умед доранд, ки аз ҳар як гови ҷўшо дар як сол ба ҳисоби миёна то 4 тонна шир гиранд, ҳарчанд ин соли якуми ширдиҳии ин говҳои ҷавон аст. Худи ҳамин сол чорводорон бовар доранд, ки боз 400 сар гўсола гирифта, шумораи говҳои ҷўшоро афзун менамоянд.

Дар ин ферма 72 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд ва маоши миёнаашон ба 350 сомонӣ баробар аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар худи ҳамин хоҷагӣ як корхонаи хурди саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бунёд карда шавад. Масъулини соҳаи кишоварзии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри барқарорсозии 20 маҷмааи зотпарварии вилояти Хатлон чораҳо андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон деҳаи Даштободи ҷамоати деҳоти Оби Мукии ноҳияи Ёвон ҳамчунин дар бунёди як боғи нави намунавӣ иштирок намуда, якчанд навниҳол шинонд.

Чунонки зикр гардид, майдони умумии боғи навбунёд 200 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар 52 гектараш ниҳолҳои дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва ороишию сояафкан шинонда шудаанд.

Боғи дарахтони мевадиҳанда аз зардолу, олу, олуболу, шафтолу гелос, ангур, анор, анҷир, хурмо, бодом ва чормағз иборат буда, асосан барои содирот пешбинӣ шудааст, аз ин хотир дар ин ҷо беҳтарин навъҳои содиротӣ, ки ба замин ва обу ҳавои ин минтақа мутобиқанд, шинонда мешаванд.

Айни ҳол дар ин боғ 600 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, баъди ба ҳосил омадани он бошад, шумораи боғпарварон ба 1200 нафар хоҳад расид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то калон шудану ба ҳосил омадани дарахтони боғ, дар байни қаторҳои ниҳолҳо сабзавоткорӣ ба роҳ монда шавад, то ки даромади аъзои хоҷагӣ зиёд гардад.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рўзгор истеҳсол намояд. Ин корхона навбати аввали маҷмааи корхонаҳои саноатии «Токфеникс» аст ва дар се басти корӣ дар ин ҷо 80 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

Ояндаи наздик дар паҳлўи ин боз ду корхонаи саноатӣ бунёд меёбанд, ки яке борхалтаҳои турӣ ва дуюмаш қубурҳои полиэтиленӣ истеҳсол хоҳад кард. Дар ин корхонаҳо дар як сол то 3 миллион дона борхалтаҳои турӣ ва 6 миллион метр қубурҳои полиэтиленӣ барои оби нўшокӣ ва техникӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дар ҳоли ба кор даромадани се корхона шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар расонда мешавад.

Дар охир бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи ресандагии ҷММ «Корператсияи ХИМА», ки бо харҷи 13, 7 млн. доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст, дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.

Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки сохтмони ин корхона моҳи январи соли 2007 оғоз гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то соли 2013 дар ин ҷо ҳамчунин бунёди корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дўзандагиро ба анҷом расонанд, то ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии тайёр аз нахи пахта ба роҳ монда шавад. Бо пурра ба кор даромадани силсилаи ин корхонаҳо дар 800 ҷойи корӣ муҳайё мешавад. Айни ҳол дар ин ҷо 120 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи ресандагӣ баробар ба коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта буда, риштаи навъҳои аз А-10 то А- 80 истеҳсол карда мешавад.

Корхонаи ресандагӣ бо таҷҳизоти муосир аз технологияи италявӣ муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти олисифати мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол мекунад.

Дар толори ҳамин корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолони ноҳияи Ёвон мулоқот намуда, дар назди онҳо ва масъулини ҷумҳуриявию вилоятӣ барои баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии деҳот ва беҳ намудани шароити зиндагии мардум вазифаҳои мушаххас гузошт.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғи навбунёди 200 – гектраи ноҳияи Ёвон «Ваҳдат» ва корхонаи нави ресандагӣ «20 – солагии истиқлоли Тоҷикистон» номгузорӣ шуд.

Дар охири ҷамъомад оид ба нақшаҳои минбаъдаи корӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Ёвон Бароталӣ Юсупов ва роҳбари корхонаи навбунёди ресандагии 20 – солагии истиқлоли Тоҷикистон Исматулло ҳаёев гузориш доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Исматулло ҳаёев барои бунёди чунин корхонаи муосири саноатӣ, ҷойҳои зиёди корӣ ва нақшаҳои ояндааш арзи сипос намуд.

Чанде аз собиқадорони ҷангу меҳнат низ дар ин ҷамъомад изҳори андеша намуда, Президенти мамлакатро бовар кунонданд, ки пирони рўзгордидаи ноҳияи Ёвон, сарфи назар аз пиронсолии худ, дар татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои накуи ў ва тарбияи насли ҷавони кишвар дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ саҳми худро дареғ намедоранд.

Дар фароварди ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз саховатмандони ноҳияи Ёвон ва кулли мамлакат даъват намуд, ки дар арафаи иди Наврўзи хуҷастапай ба эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбон ва пирону барҷомондагон кўмакҳои хайрия расонда, дар эҳё ва рушди минбаъдаи анъанаҳои волои наврўзӣ нақши арзанда гузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520