Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит дар ноҳияи Ёвон

03.03.2010 16:00, ноҳияи Ёвон

Дўстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди оғози сохтмони боз як иншооти нави саноатӣ дар ноҳияи Ёвон гардидем, ки барои истеҳсол кардан ва ба корхонаи бузургтарини кишварамон – «Ширкати алюминийи Тоҷик» интиқол додани яке аз намудҳои асосии ашёи хом, яъне криолит пешбинӣ шудааст ва ин иқдом давоми мантиқии сиёсати созандагиву бунёдкории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки илова ба 10 корхонаву иншооти саноатии ҳоло дар ноҳияи Ёвон фаъолиятдошта бунёд ёфтани корхонаҳои нави хурду бузург ин ноҳияро тадриҷан ба яке аз марказҳои калони саноатии кишвар табдил медиҳад.

Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон асосан ду намуди маҳсулот - пахта ва алюминийро ба хориҷа содир мекунад.

Вобаста ба масъалаи истеҳсоли алюминий мехоҳам хотирнишон созам, ки Ширкати алюминийи Тоҷик аз ҷумлаи корхонаҳои саноатие мебошад, ки барои истеҳсоли маҳсулоти худ ба ҷуз қувваи корӣ ва нерўи барқ тамоми ашёи хом, аз ҷумла креолитро аз хориҷи кишвар мегирад.

Албатта, ҳамаи ин ба арзиши аслии маҳсулот ва сатҳи рақобатпазирии он бетаъсир намемонад.

Аз ин рў, мо бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи металлургияи ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминийи аввалия ва аз он истеҳсол кардани маҳсулоти тайёр ба бунёди корхонаҳое низ шурўъ намудем, ки ҳаҷм ва сатҳи воридоти ашёи хомро барои Ширкати алюминийи Тоҷик то андозае паст карда, иқтидори истеҳсоливу содиротии онро баланд бардорем ва ба ин восита ҳамчунин барои мардуми кишварамон ҷойҳои кори иловагӣ фароҳам оварем.

Дар ин замина ҳукумати мамлакат Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалияро барои солҳои 2007-2015 қабул карда, мавриди татбиқ қарор дода истодааст, ки он на танҳо барои афзун гардонидани ашёи хоми саноатӣ, балки барои афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти тайёри саноатӣ дар дохили мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти корхонаи мазкур бо криолит ҳанўз дар замони шўравӣ маҳсулоти истеҳсолкардаи комбинати маъдантозакунии «Такоб» ба Федератсияи Россия интиқол мегардид ва баъди коркард дар шакли криолит боз ба корхонаи алюминийи Тоҷикистон харидорӣ ва оварда мешуд.

Бо мақсади паст кардани сатҳи вобастагии ширкат аз ашёи хоми хориҷӣ ва мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ, аз ҷумла ашёи хоми маҳаллӣ, мо имрўз дар ноҳияи Ёвон ба сохтмони иншооти истеҳсоли криолит, шурўъ кардем, ки доир ба масъалаи бунёди он дар ҷараёни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон моҳи майи соли 2008-ум супориш дода будам.

Мувофиқи санадҳои мувофиқашуда арзиши лоиҳавии корхона қариб 200 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки то имрўз аллакай беш аз нисфи он, яъне ба арзиши зиёда аз 100 миллион сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ ба ҳудуди он оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин муддат ҷиҳати омодагӣ ба бунёди корхонаи криолит як қатор корҳои зарурӣ, аз ҷумла ба маблағи зиёда аз ҳашт миллион сомонӣ корҳои сохтмони бинои маъмурӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сохтмончиён ва харидории таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Дар айни ҳол бинои маъмурӣ, хобгоҳ ва ошхона барои 180 нафар коргарон, дармонгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ, ки ҳамаи онҳо бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ба хизмати мутахассисону коргарон омода мебошанд.

Мувофиқи лоиҳа корхонаи сохташаванда дорои иқтидори солонаи истеҳсоли 18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 12 ҳазор тонна криолит мебошад, ки барои таъмин кардани эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик пешбинӣ гардидааст.

Дар вақтҳои наздиктарин, яъне баъди сохта, ба истифода додани корхонаи истеҳсоли намакҳои фтордор, ки бунёди он низ дар назар дошта шудааст, 500 нафар мутахассисону коргарон бо ҷои доимии кор таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин дар паҳлўи корхонаи сохташавандаи криолит корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат низ бунёд карда хоҳад шуд, ки иқтидори солонаи он 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Арзиши лоиҳавии ин корхона қариб 180 миллион сомонӣ буда, он бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият хоҳад кард.

Масъалаи сохтмони он, яъне корхонаи кислотаи сулфат, ки барои истеҳсоли криолит ва фториди алюминий зарур аст, мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дорад. Умедворем, ки дар ояндаи наздик бо бунёд ёфтани онҳо Ширкати алюминийи Тоҷик бо ашёи хом ва садҳо нафар сокинони ноҳияи Ёвон бо ҷойи доимии кор таъмин хоҳанд гашт.

Бо мақсади истифодаи ҳарчи бештари ашёи хоме, ки барои истеҳсоли алюминий зарур мебошад, ҳоло Ширкати алюминийи Тоҷик бо зиёда аз 30 корхонаи саноатии кишвар ҳамкорӣ карда, дар ин самт як силсила корҳоро анҷом дода истодааст.

Аз ҷумла, дар натиҷаи ҳамкории судманди мутахассисони корхонаи мазкур ва муассисаҳои илмии мамлакат аз маъданҳои дар кишварамон истихроҷшаванда, аз ҷумла ангишти кони Назарайлоқ истеҳсоли анодҳои пухта ва хишти ба оташ тобовар ба роҳ монда шуд, ки дар гузашта онҳоро аз дигар кишварҳо ворид мекарданд.

Дар доираи чунин ҳамкориҳо ҳоло дар корхонаҳои саноатии мамлакат истеҳсоли як қатор қисмҳои эҳтиётии барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки онҳо низ солҳои пеш аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд.

Чунин тарзи ҳамкорӣ имкон дод, ки на танҳо иқтидори истеҳсолии Ширкати алюминийи Тоҷик, балки имкониятҳои истеҳсолии як қатор корхонаҳои саноатии мамлакат низ бештар ва беҳтар истифода гардида, рушди соҳаи саноат таъмин карда шавад.

Ҷиҳати ҳарчи бештар гардонидани имкониятҳои истеҳсолии корхона ба наздикӣ бо қарори ҳукумати мамлакат Институти илмиву тадқиқотии металлургӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он аз нав ба роҳ мондани истифодаи партовҳои истеҳсолӣ, моддаву таркибҳои химиявӣ ва тибқи технологияҳои муосир пеш бурдани корҳои тадқиқотӣ мебошад.

Итминон дорем, ки дар натиҷаи фаъолияти илмии пажўҳишгоҳи мазкур дар оянда дар мамлакатамон боз корхонаҳои дигари саноатие таъсис дода мешаванд, ки барои Ширкати алюминийи Тоҷик ашёи хом ё аз маҳсулоту партовҳои он дигар намудҳои маҳсулот истеҳсол хоҳанд кард.

Дар ин замина дар шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб сохтмони корхонаи дорои иқтидори истеҳсоли солонаи 45 ҳазор тонна флюорити тоза ба нақша гирифта шудааст.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳадаф аз ҳамаи ин тадбирҳо, агар аз як тараф рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тараққиёти иқтисодии мамлакат бошад, аз тарафи дигар ҳарчи бештар бо ҷои кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ дар ин самт ҳамаи саъю талоши худ ва захираву имкониятҳои мавҷударо равона хоҳад кард.

Шумо - ҳозирини мўҳтарам, хуб медонед, ки соли оянда мардуми сарбаланди кишвари мо санаи азиз ва муқаддаси миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Бо дарназардошти ин, муассисон ва бунёдгарони корхонаи криолит ба зимма гирифтаанд, ки то ин ҷашни бузург онро сохта, ҳамчун тўҳфаи идона мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Дар ин роҳ ба ҳамаи онҳо барори кор орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520