Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов

01.03.2010 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои худ бо Федератсияи Россия, ки ҷавобгўи имконоти васеъ ва манфиатҳои дуҷонибаи давлатҳо мебошад аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад",- изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. "афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду давлат ба андозаи се баробар дар давоми ҳафт соли охир шаҳодати воқеии рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб мераванд".

Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва саҳми муносиб доштан дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои Тоҷикистону Россия изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Дар мулоқот масоили омодагии муштараки давлатҳои аъзои иттиҳод ба таҷлили ҷашни 65- солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Конфронси байналмиллалии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба рушди илму иноватсия баррасӣ гардиданд.

Мусоҳибон инчунин масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи нафту гази табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, нақлиёт, бозори меҳнат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520