Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинс

25.02.2010 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Тоҷикистону Латвия ва роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ, ки баъди сафарҳои давлатии порсолаи Президенти Тоҷикистон ба Латвия ва Президенти Латвия ба Тоҷикистон авҷи тоза пайдо намудаанд, пеш аз ҳама аз кушодавии алоқаи ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Рига ва истифодаи васеъ аз бандарҳои баҳрии Латвия баҳри боркашонии миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам боло бурдани нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ имкону захираҳо зиёданд.

Сармоягузорӣ ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот ва ба истихроҷу коркарди захираҳои табиии Тоҷикистон роҳи хуби тавсиаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гириф

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520