Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гурўҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

25.02.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки бо сарварии Артис Пабрикс барои мушоҳидаи рафти интихоботи парлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон чун узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштироки нозирони ин ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавиро дар интихобот хуш истиқбол мегирад, зеро ин ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз рафти маъракаҳои тарѓиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори умум ва риояи қонунгузорӣ дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки то имрўз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520