Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2010 09:00, шаҳри Душанбе

Мўҳтарам афсарону аскарон ва собиқадорони қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати 17-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, комёбиҳо орзу менамоям.

қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанўз дар оғози ба истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карданд ва ҳоло қодиранд амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намоянд.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарўзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрўз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Дар шароити мураккаб ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзудани таҳдидҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, бахусус густариш ёфтани падидаҳои хатарноки терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз роҳбарон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти мудофиавии мамлакат тақозо мегардад, ки иҷрои вазифаҳои худро бо дарназардошти вазъи оперативии рўз ва бо дарки масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ ва эҳсоси гарми ватандўстӣ таъмин намоянд.

Зеро мардуми кишвар дар симои шумо - ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизатгарони сулҳу субот, пуштибонҳои боэътимоди адолату ростӣ ва амнияти ҷомеаро мебинанд ва бовар доранд, ки шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҹумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ саломативу сарбаландӣ, рўзгори обод ва дар адои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзумандам.

Идатон муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520