Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав - Раиси Ассотсиатсияи халқҳои Русия Рамазон Абдулатипов

22.02.2010 14:30, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав - Раиси Ассотсиатсияи халқҳои Русия Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Рамазон Абдулатипов ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкими дўстию бародарӣ ва ҳамкории миёни Русияву Тоҷикистон Медали тиллоии Ассотсиатсияи халқҳои Русияро тақдим намуда, ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои гуманитарӣ ва муносибатҳои дўстонаи миёни мардумони ду кишвар баҳои баланд дод.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Рамазон Абдулатипов ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои ташрифи худ иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав ва муассисаҳои олии таълимии соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ният доранд ҳамкории барои ҳарду ҷониб судмандро васеъ ба роҳ монанд.

Чунонки зикр гардид, имрўз миёни Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Пагоҳ созишномаҳои ҳамкорӣ ҳамчунин бо Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ба имзо хоҳанд расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки баҳри омодасозии кадрҳои баландихтисоси бахшҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон ва ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монанд.

Қарор карда шуд, ки моҳи июни соли 2011 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии фарҳангӣ доир карда шавад. Имсол гузарондани чунин форум дар шаҳри Парижи Фаронса дар нақша будааст.

Рамазон Абдулатипов худро дўсти қарини Тоҷикистон муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки ў ҳамчунин ба ҳайси роҳбари Иттиҳодияи таълимӣ – методии ҳамаи муассисаҳои олии таҳсилотии соҳаи фарҳанги Русия метавонад баҳри густариши робитаҳои гуманитарии ду кишвари дўст саҳми намоён гузорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520