ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 24 январи соли 2020 №38
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии
таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат»
озод намудани Обидов Ф.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Обидов Фозил Саидович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон