Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

22.02.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва ба таҷлили соли нави аҷдодӣ – Наврўзи хуҷастапай ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуд.

Оид ба омодагӣ ба баргузории интихоботи парлумонӣ гузориши Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Мирзоалӣ Болтуев шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки то 8 – уми феврал 153 нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, номи 148 нафари онҳо ба бюлетенҳои интихоботӣ ворид карда шуд. Бюлетенҳо саривақт чоп ва ба ҳавзаҳои интихоботӣ дастрас карда шуданд. Барои ташкил ва гузарондани интихобот 3067 участкаи интихоботӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва 20 участкаи дигар дар хориҷи кишвар омодаи кор гаштаанд.

Аз 24 – уми январ 24 нафар нозирони дарозмўҳлати байналмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (БДИПЧ) дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кор шурўъ намуданд. ғайр аз ин 508 нафар нозирони байналмилалӣ номнавис шудаанд, ки 164 касаш аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва 160 нафар аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. ҳамчунин намояндагони сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, 24 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони номзадҳо ба вакилӣ аз ҳуқуқи назорату мушоҳида аз рафти интихобот бархўрдоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Мирзоалӣ Болтуев ва роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Суди олиро вазифадор намуд, ки ба таври озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи вакилони парлумониро таъмин намоянд.

Ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки баҳри таъмини тамоми шароити зарурӣ дар участкаҳои интихоботӣ тадбирҳо андешанд.

Сипас Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба натиҷаҳои сафари кории худ ба вилояти Суғд, аз ҷумла доир ба омодагии иншооти обрасонӣ ба мавсими обёрии заминҳои корам ва рафти сохтмони зеристгоҳҳо ва хатҳои дохилии интиқоли нерўи барқ миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод.

Дар мавриди баррасии масъалаи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки на ҳамаи заминҳои кишт пурра шудгор шудаанд, изҳори нигаронӣ карда, ба Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов баҳри тезондани кишти баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ, гузарондани ярмаркаҳои фурўши тухмӣ ва ниҳолҳо ва ҳамчунин кушодани мағозаҳои фурўши тухмӣ ва ниҳолҳо ва тайёрии ҳамаҷониба ба кишти пахта супоришҳои мушаххас дод.

Дар мавриди таҷлили иди Наврўзи хуҷастапай таъкид гардид, ки он чун иди Соли нави ниёгон бояд бо шукўҳу шаҳомати хосса ва бо эҳёи анъанаҳои пурифтихори наврўзӣ истиқбол гирифта шавад. Ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки дар рўзҳои ҷашни Наврўз баҳри расондани кўмак ба ятимону бепарасторон, хона-интернатҳо, пирону барҷомондагон ва дигар эҳтиёҷмандон чораҳо андешанд. Таъкид гардид, ки соҳибкорони боҳиммати мамлакат низ дар кўмакрасонӣ ба мўҳтоҷон бояд фаъол бошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки гузарондани хатнасур ва тўйҳои арусии фарзандони оилаҳои камбизоат ба таври дастаҷамъона бо кўмакҳои хайрияи саховатмандон бояд ба ҳукми анъана дарояд.

Зимни машварат ба масъулини дахлдор ҳамчунин оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, тезондани сохтмони нерўгоҳҳои Сангтўда-2, Нуробод-1, Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф супоришҳои мушаххас дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520