Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

24.01.2020 16:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод.  

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои делимитатсияи хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.   

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520