ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Давлатзода М.И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Давлатзода Муродулло Исмат директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
24 январи соли 2020
№1427