Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук

20.02.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершумори Тоҷикистон оид ба мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон хоҳони сулҳи пойдор дар саросари Афғонистон ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ин ҳамсояи наздики худ аст».

Ричард Ҳолбрук нахуст дуруду паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ва Котиби давлатии Амрико Ҳиллари Клинтонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба талошҳои Тоҷикистон баҳри таҳкими эътидолу субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидати фаъол ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва аз номи ҳукумати кишвараш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат арзи сипос намуд. Ў ҳамчунин изҳор дошт: «Тоҷикистон бо муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ ва робитаҳои мустаҳкамаш бо Афғонистон метавонад дар барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти ин кишвар нақши бузург дошта бошад».

Гуфтугўйи судманд оид ба роҳҳои барқарорсозии эътидоли сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон, таҳкими сохторҳои идораи давлатии он ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба сохтмони роҳу пулҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520