Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нерў ва захираҳои оби ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон

15.02.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерў ва захираҳои оби ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхонро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохўрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика, баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид бунёди хатти 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон, хатти 500 киловолтаи миёни қирғизистон - Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон КАСА – 1000 ва сохтмони нерўгоҳҳои нави барқӣ зоҳир карда шуд.

Муҳаммад Исмоилхон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки сохтмони хатти 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон дар ҳудуди Афғонистон низ дирўз оғоз ёфт ва баъд аз 10 моҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба нақшаҳои сохтмони роҳу пулҳои нави мошингард ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон, доир ба авзои иҷтимоӣ- сиёсии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520