Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг

12.02.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба натиҷаҳои татбиқи барномаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор дар соли 2009 ва дурнамои иҷрои он дар соли равон зоҳир гардид.

Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг, мутобиқи барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон илова бар 40 миллион доллари амрикоӣ, ки соли 2009 ҷудо шуда буд, боз 40 миллион доллари дигар барои дастгирии тадбирҳои зиддибўҳронӣ бояд ҷудо намояд.

Гуфтугўйи судманд оид ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, муносибот бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон ва татбиқи барномаҳои энергетикии Тоҷикистон сурат гирифт.

Аксел Шиммелпфенниг ба самарабахшии тадбирҳои зиддибўҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки ба ҳадди 3,4% таъмин намудани афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 нишондоди хуб аст, зеро бисёр кишварҳои ҷаҳон соли гузаштаро бо нишондодҳои пастравии зиёд ҳатто то 10-15% ҷамъбаст намуданд.

Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуд. Ба гуфти ў, Тоҷикистон дар соли 2010 метавонад афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро то ба 5% расонад ва ин дар ҳолест, ки болоравии иқтисоди ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 3,9% пешбинӣ шудааст.

Аксел Шиммелпфенниг ҳуқуқи Тоҷикистонро доир ба сохтмони нерўгоҳҳои обӣ эътироф намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «ба андешаи мо Тоҷикистон, албатта, бояд норасоии нерўи барқро тавассути бунёди иқтидорҳои иловагии истеҳсолӣ бартараф созад» ва дар робита ба бунёди нерўгоҳи Роғун таъкид намуд: «Мо сохтмони нерўгоҳи Роғунро дастгирӣ менамоем, танҳо механизми маблағгузории он, аз ҷумла сарфи маблағҳои аз фурўши саҳмияҳо ҷамъшуда бояд шаффоф бошад ва ҳамчунин нишондиҳандаҳои рушди макроиқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба эътибор гирифта шаванд».

ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520