Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Виктор Янукович

12.02.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Украина Виктор Янукович ба муносибати интихоб шуданаш ба ин мансаб барқияи шодбошӣ равон кард, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Муҳтарам Виктор Федорович!

Табрикоти маро ба муносибати интихоб шуданатон ба мансаби олии Сарвари Украинаи дуст қабул фармоед.

Мо ба муносибатҳои зичи мавҷудаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар, ки ҷавобгуи манфиатҳои милламон мебошанд, баҳои баланд медиҳем.

Боварӣ дорам, ки муносибатҳои бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Украина дар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва бо назардошти манфиати ҷонибҳо густариши нав меёбад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори омодагӣ мекунам, ки дар ҳамкорӣ бо Шумо барои рушди минбаъда ва густариши амиқи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ҷидду ҷаҳд ва талош хоҳем кард.

Иҷозат диҳед ба Шумо м?ҳтарам Виктор Федорович саломатӣ ва муваффақият дар мансаби Президентии Украина ва ба халқи д?сти украин сулҳ ва ободиро орзу намоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520