Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

08.02.2010 11:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили таъминоти аҳолӣ бо нерўи барқ, рафти татбиқи лоиҳаҳои энергетикию роҳсозӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки вазъи таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо нерўи барқ таҳти назорати доимӣ гирифта шавад. Таъкид гардид, ки барои кори босамари корхонаҳои саноатӣ бояд ҳеҷ гуна монеа набошад. Супориш дода шуд, ки суръат ва сифати лоиҳакашӣ ва сохтмони нерўгоҳҳои хурду бузург, аз ҷумла Роғун, Сангтўда – 2, Нуробод – 1, Нуробод – 2 ва Шўроб, маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, хатҳои байниноҳиявии интиқоли нерўи барқ ва 4 корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ёвон ва Бохтар баланд бардошта шавад. Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки баҳри тезондани корҳои ҷустуҷўию пармакунӣ ва истихроҷи газ тадбирҳои муассир андешанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба тезондани сохтмону навсозии роҳҳои мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, Қурғонтеппа- Дўстӣ ва Душанбе- Данғара дода шуд.

Роҳбарияти вазорати маориф вазифадор шуд, ки баҳри муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия баъди таътили зимистонаи хонандагон тадбирҳо андешанд.

Дар назди масъулини дахлдор ҳамчунин оид ба омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, дастрас кардани тухмиҳои серҳосил, вусъат додани ниҳолпарварӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои кўҳна ва доир ба дигар корҳои зарурӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520