Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 85 - солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик

06.02.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 85 - солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик, ки дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 85 - уми таъсисёбии милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз корнамоиҳои милитсияи тоҷик дар таърихи пуршебу фарози Тоҷикистон дар зарфи 85 соли фаъолияти ин мақомоти муҳими посдори оромию осоиш ва тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар шуда, хизматҳои шоёни таҳсини кормандони ин соҳаро дар даврони вазнину ҳассоси солҳои аввали истиқлоли давлатии Ватани азизи мо махсус таъкид намуд.

Зимни ёдоварӣ аз корнамоиҳои ватандўстонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои низомӣ зикр гардид, ки танҳо дар давоми зиёда аз даҳ соли охир 290 гурўҳу дастаҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд. Таъкид гардид, ки дар роҳи барқарорсозӣ ва ҳифзи сулҳу суботи мамлакат зиёда аз 1500 нафар кормандони милитсия қурбон шуданд, ки мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату мардонагии онҳоро ҳамеша пос медоранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон барои хизмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ дар назди халқу Ватан қариб 500 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари ёдоварӣ аз корнамоӣ ва хизматҳои шоёни мақомоти корҳои дохилӣ ҳамзамон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 6,7 фоизро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуд ва ба роҳбарияти ин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри дуруст ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти бенуқсон супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура ва судҳо супориш дод, ки бо мақсади ташкили муборизаи самарабахш ба муқобили ҳама гуна қонуншиканиҳо ҳамкории созанда ва ҳамоҳангии хуби фаъолиятро миёни ҳамдигар таъмин намоянд. Онҳо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки доир ба тоза кардани сафҳои худ аз кормандони тасодуфӣ ва ашхосе, ки бо ғаразҳои нопок ба сафҳои мақомот шомил шуда, шаъну эътибори онҳоро метавонанд бо кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар аъмоли ношоиста доғдор намоянд, тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронӣ бори дигар ҳозирин ва ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо солгарди 85 - уми милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба онҳо дар адои хизмати бошарафу пурмасъулияташон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу намуд.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии мамлакат Абдураҳим Қаҳҳоров рутбаи навбатии махсуси генерал-полковноки милитсия дода шуд.

Консерти бошукўҳ ва ҳазлу зарофатҳои ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ба ҷамъомади тантанавии идонаи бахшида ба солгарди 85 - уми таъсисёбии милитсияи тоҷик ҳусни анҷом бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520