Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.01.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 - 2009 ва омодагӣ ба қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2012 баррасӣ шуд.

Оид ба масоили мазкур нахуст ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев шунида шуд.

Зикр гардид, ки Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани низоми идораи давлатӣ, рушди макроиқтисодӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ татбиқ карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи босамари стратегияи мазкур сатҳи камбизоатӣ аз 72,4% - и соли 2003 дар соли 2007 ба 53% ва то охири соли 2009 ба 50% расонда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар натиҷаи татбиқи самарабахши стратегияи нав сатҳи камбизоатӣ то соли 2012 бояд то ҳадди 40% коҳиш ёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои маблағгузории стратегияи қаблӣ 5 миллиард доллари амрикоӣ равона гашта буд.

Таъкид гардид, ки тарзу усули корбарӣ дар татбиқи стратегияи нав хеле такмил меёбад ва маблағгузории он зиёд шуда, ба 5,3 миллиард доллари амрикоӣ расонда хоҳад шуд, новобаста аз он, ки шумораи тадбирҳои он 300 адад кам пешбинӣ шудаанд.

Баъди муҳокимаи муфассал, ки бо иштироки роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони субектҳои соҳибкории мамлакат сурат гирифт, лоиҳаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2012 ба баррасии маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520