Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

18.01.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ, омодагӣ ба маҷлиси ҷамъбастии солона, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роѓун, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои таклифу пешниҳодҳои соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, татбиқи нақшаҳои сершумор дар соҳаи энергетика, рафти ниҳолпарварию боѓдорӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва ба ду конфронси байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти муваққатӣ ба аҳолии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ таъмин карда шавад ва онҳо аз кўмакҳои моддию маънавӣ бархўрдор бошанд. ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри дар ҷойҳои бехатар барои онҳо бунёд намудани манзилу деҳаҳои нав тадбирҳо андешида шаванд.

Дастур дода шуд, ки тамоми таклифу пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо ва тавассути почтаю воситаҳои ахбори умум манзур гаштаанд, ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри омўзиш ва иҷро ба инобат гирифта шаванд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин баҳри кашидани хатҳои нави интиқоли нерўи барқ ва бо суръат ва сифати баланд татбиқ намудани нақшаҳо баҳри бунёди нерўгоҳҳои хурду бузурги обӣ дода шуд.

Дастур дода шуд, ки баҳри вусъати корҳои ниҳолпарварӣ, бунёди боѓҳои наву барқарорсозии боѓоти кўҳна ва ҳамчунин саривақт оѓоз кардани киштукори баҳорӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин ҳамчунин баҳри омодагӣ бо Конфронси байналмилалии об ва ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520