Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо соҳибкорони мамлакат

15.01.2010 15:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт бо зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият мекунанд, мулоқот намуд.

Зимни суханронии пурмўҳтавои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мардуми шарифи Тоҷикистон барои дастгирии васеъ аз муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саҳмгузорӣ дар бунёди нерўгоҳи Роғун арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки эълон намудани мoраторийи дусола ба санҷишҳои молиявии фаъолияти соҳибкорон, ҷорӣ намудани равзанаи ягона дар бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва соддаю сабук намудани низоми иҷозатномадиҳӣ ва андозбандӣ аз зумраи тадбирҳои судбахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин роҳ мебошанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки минбаъд дар доираи Барномаи «200 рўзи ислоҳот» боз сабукиҳои зиёди дигар барои соҳибкорони ватанӣ, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ, амалӣ карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сарватмандоне, ки пасандозҳои зиёди худро дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд, пешниҳод намуд, ки маблағҳояшонро ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд ва изҳор дошт, ки пасандозҳои пулии аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон воридшаванда дар як мўҳлати муайян аз андозбандӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ барои интиқол ва нигоҳдорӣ озод карда шуда, қонунигашта шумурда мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки барои амалӣ намудани ин тадбир санади зарурӣ таҳия ва пешниҳод намояд.

Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ин тадбири нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки танҳо як бор амалӣ карда мешавад ва ин имкони хуби қонунигардонии маблағҳои худ барои афроди сарватманди кишвар мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки мутобиқи тадбири пештар пешниҳодгашта ҳамаи маблағҳои барои хариди саҳмияҳои нерўгоҳи Роғун равонагашта низ қонунишуда шумурда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкороне, ки дар давраи амалӣ шудани мораторийи санҷишҳои молиявӣ маданияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, андозҳои худро сари вақт пардохт намудаанд, арзи сипос карда ва ҳамзамон аз кори бисёр соҳибкорони дигар, ки даромадҳои худро аз андоз пинҳон медоранд, изҳори нигаронӣ намуд.

Дар мавриди таъин намудани ҷазои судӣ ба нафароне, ки ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ содир мекунанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор дастур дод, ки баҳри иваз намудани ҷазои ҳабсӣ ба чораи барқарорсозии зарари вориднамуда ва таъин кардани ҷаримаи пулӣ санади зарурӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва сатҳи пасти хизматрасонии бонкҳои саҳҳомии мамлакат изҳори нигаронӣ карда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки барои занону духтарони соҳибкор имтиёзҳо пешбинӣ карда шавад.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорону тоҷирони баору номуси кишвар дар бунёди нерўгоҳи Роғун ва ҳам дар корҳои дигари ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ саҳми намоён мегузоранд, то ки ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоёну пурарзиш дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ватани азизамон истиқбол бигирем.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тайи 4 соат ба суолу дархостҳои сершумори соҳибкорони ватанӣ, ки аз гўшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва аз кишварҳои дигари хориҷӣ ба ин мулоқот ҳозир шуда буданд, посух дод.

Албатта зимни ин маҳфили тўлонии пурсишу посух таклифу пешниҳодҳои зиёди судбахш ба миён гузошта шуданд, ки ҳамаи онҳо тибқи супоришҳои додаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди омўзиши ҳамаҷониба қарор мегиранд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дархостҳои судманд тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520