Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел

14.01.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морелро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба мавзўъҳои вобаста ба раванди демократикунонии ҷомеа, омодагӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва масоили ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки сафари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия ва мулоқотҳои сершумораш бо намояндагони воломақом ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкории ду ҷониб такони ҷиддӣ бахшид.

Ба таъсири мулоқоти «Тройка» - и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷиии кишвварҳои Осиёи Марказӣ низ, ки соли гузашта бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор гашт, баҳои баланд дода шуд.

Ба гуфти Пер Морел, «Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд». Ба иттилои Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки Бритонӣ низ омодаанд, ки ҳамкории худро бо Тоҷикистон густариш диҳанд.

Нақшаҳои навсозии нерўгоҳи обии қайроқум ва бунёди як силсила нерўгоҳҳои хурди обӣ аз намунаҳои асосии ҳамкории сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Аз ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар чаҳорчўби Созишномаи Лиссабон бо 25 кишвари ин қитъа ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли равон Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон, пеш аз ҳама барои беҳсозии низоми нафақа 75 миллион евро кўмак ҷудо хоҳад кард.

Пер Морел додани озодӣ ба деҳқононро дар мавриди интихоби кишти зироатҳои дилхоҳ, кам кардани майдони кишти пахта ва ба ин васила кам намудани сарфи обро дар заминҳои корам аз тадбирҳои арзишманди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи ҳамкории минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба масъалаҳои барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон зоҳир карда шуд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520