Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи
Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Раҷабзода Ҳ.Ҳ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1470

 

 

РАҶАБЗОДА Ҳусния Ҳукуматшо

аз марти соли 2020 дар мансаби раиси ноҳияи Мурғоб кор мекунад.

Соли таваллуд 24 июни соли1982             Ҷои таваллуд ноҳияи Мурғоб

Миллат тоҷик                                             Таҳсилот олӣ

соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос омузгори фанни забони точик ва адабиёт

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, қирғизи, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2004-2006

Омӯзгори мактаби миёнаи №14-и ноҳияи Мурғоб

Соли 2006 (06-10)

Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб

Солҳои 2006-2007

Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб

Солҳои 2007-2008

Мутахассиси бахши назорати дасгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб

Соли 2008(02-03)

Сармутахассиси бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб

Солҳои 2008-2010

 Мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи  Мурғоб

Солҳои 2010-2011

Магистранти ДТИХД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2013

Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб

Солҳои 2013-2020

Муовини раиси ноҳияи Мурғоб

Аз марти соли 2020  

Раиси ноҳияи Мурғоб

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520