Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон

22.03.2020 09:15, шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфта, дорои ду хати муосири технологӣ - истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ аст.

Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 1500 дона шифер ва наздики 500 адад қубурҳои асбестии қутрашон гуногун истеҳсол карда мешавад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер ва қубурҳои асбестӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.

Барои истеҳсоли шифер ва қубур ашёи хом - асбест аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон ин аввалин корхонаест, ки шифер ва қубурҳои асбестӣ истеҳсол менамояд.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа қубурҳои асбестӣ дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон бештар аз 50 сол мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба нақша гирифта шуда, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар ин корхона аслан муосиртарин технология насб карда шудааст, ки истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ин корхонаи нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шудааст.  

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520