Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз ва боздид аз намоишгоҳи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон

22.03.2020 11:05, шаҳри Гулистон

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ карда, бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр шинос шуданд.

Коргоҳи нав дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” аз ҷониби соҳибкорон оилаи Қосимовҳо таъсис ёфтааст.

Маҳсулоти он барои банду басти қуттиҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи нав то 20 тонна коркарди қоғазпора дар як шабонарӯз буда, дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар маҷмуъ дар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” наздики 400 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.

Корхонаи коркарди қоғаз ва коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагӣ,  ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” бунёд шудааст, бепартов мебошад.

Мутахассисони  коргоҳи коркарди қоғаз корҳои санҷишӣ гузаронида, кӯшиш доранд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳо ҷавобгу бошад.

Қоғаз ва ҳам зарфҳои шишагӣ барои корҳонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии кишвар нигаронида шудааст, ки ин маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад.

Бунёди коргоҳҳои мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Соҳибкор Абдураҳмон Қосимов соли 2019 зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни кишвар ваъда дода буд, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии ҳамешагии Президенти мамлакат аз соҳибкории хурду миёна коргоҳи нав бунёд менамояд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи навтаъсис оид ба коркарди қоғаз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, онҳоро барои идомаи корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз дар саҳни ҳавлии коргоҳ Президенти мамлакат бо дастовардҳои саноатчиёни шаҳри Гулистон ва маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи онҳо шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридот ба маъраз гузошта шуд ва сифати онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои арзанда гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520