Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23.03.2020 11:08, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа дар ҳамин ҷо Парчами миллиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.

Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 41 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад.

Атрофи иншоот бо тарҳу усули хос гулкорӣ ва сабзкорӣ карда шуда, зиёда аз 20 ҳазор гулҳои рангоранги мавсимӣ, 60 адад ниҳоли арча ва палмаҳо майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 200 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, ду фаввораи зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бунёд гардидааст.

Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар ҳудуди Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 20 адад чароғакҳо насб гардида, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонон дар маркази шаҳрак ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.

Раванди созандагиҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият барои сокинон тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамин замина роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин деҳот дар масофаи 2,5 километр аз ҷониби роҳсозони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷроуд» асфалтпӯш карда шуда, дар ду тарафи роҳ 30 адад сутунпояҳои равшанидиҳанда насб гардидааст.

Бо мақсади таъмини ҳаракати пиёдагардон ҳамзамон роҳравҳои ду тарафи роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён ва парафшонии ин рамзи муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ нахуст иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ифтитоҳи иншоотро барои мардуми сарбаланди ин гӯшаи диёр муборакбод намуданд.

Таъкид гардид, ки барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони 80 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аллакай 20 адади онро ба истифода додаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони сарбаланди ин гӯшаи диёр изҳори миннатдорӣ намуда, вусъати тадбирҳои созандагиро дар боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми сарбаланди мамлакат муҳим маънидод карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520