Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон» ва тақдими туҳфаҳои идона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23.03.2020 14:01, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа соли 2017 оғоз гардида, он дар асоси лоиҳа бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон» дорои тарабхона барои 200 нафар, қаҳвахона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар маҷмуъ дар доираи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ cоҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд.

Пас аз ифтитоҳи иншооти нав дар ҳаминҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 100 нафар ятим аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истаравшан туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ятимон пайваста зери ғамхории хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимини сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша аз ҳолу аҳволи табақаи эҳтиёҷманд, нафақахӯрон, камбизоатон, маъюбон ва ятимону бепарасторон огаҳ шуда, бо онҳо аз наздик мулоқот анҷом медиҳанд.

Имрӯз низ ба ятимон аз ҷониби Сарвари давлат сару либос, ширинӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардида, ҳамчунин дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520