Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Хуҷанд - Агро”

24.03.2020 08:54, шаҳри Хуҷанд

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуданд.      

Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.

Дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст.

Дар як шабонарӯз дар корхонаи “Хуҷанд-Агро” аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард қарор мегирад.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи мазкур, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.

Аз рӯйи иттилои мутахассисон, дар вақти коркард таркиби меваю сабзавот дар озмоишгоҳи корхона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ҳаматарафа санҷида шуда, дар раванди истеҳсолот ягон навъи маводи химиявӣ истифода намешавад ва аз ҳамин лиҳоз дар дохилу хориҷи мамлакат ба маҳсулоти онҳо талабот бештар аст.

Айни замон дар анборҳои корхонаи “Хуҷанд-Агро” зиёда аз 1,5 ҳазор тонна сабзӣ ва пиёз захира карда шудааст, ки то ҷамъоварии ҳосили имсола марҳала ба марҳала дар асоси фармоиши ширкатҳои тиҷоратӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ мавриди коркард қарор мегирад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо роҳбарияти корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, маҳсулоти кишоварзиро қаблан, яъне пеш аз оғози кишт ба деҳқонон фармоиш медиҳанд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмин намудан бо маҳсулоти кишоварзӣ, ки заминаи асосӣ барои фаъолияти муназзам ба ҳисоб меравад, дар ҳудуди вилояти Суғд ба корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд-Агро” заминҳои корам вобаста карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520