Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1991 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси агрономӣ ва соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикситонро аз рӯи ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит хатм намуд. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, аъзои вобастаи академияи кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ҳамчун лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Биотехнологияи ИХҚТ оғоз намудааст. Солҳои 1993-2001 дар вазифаҳои ассистент, омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и факултети агробизнеси ДАТ адои вазифа намудааст.

Солҳои 2001-2004 ба ҳайси Ёвари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Солҳои 2004-2013 дар вазифаи  ноиби ректор оид ба таҳсили ғоибона, мудири шуъбаи ғоибона ва муовин ректор оид ба таълими Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур  фаъолият намудааст.

Аз декабри соли 2013 то январи соли 2020 ба сифати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур  кор кардааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 23 январи соли 2020 ба вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардидааст.

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) ва медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (2011) мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520