Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ 17 майи соли 1972 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси  баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2001 ӯ дараҷаи магистри рушди иқтисодро дар Донишгоҳи миллии Австралия ва баъдтар соли 2006 унвони доктори илмҳои иқтисодиро дар Донишгоҳи мазкур ноил гаштааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 ҳамчун иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2007 дар вазифаҳои, иқтисодчии дараҷаи 1-и шӯъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодӣ, сариқтисодчӣ, сардори шӯъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи монетарӣ ва муовини сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2005 то соли 2006 дар Донишгоҳи миллии Австралия ба ҳайси омӯзгори фанҳои иқтисодӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2011 Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмиллалии Асъор ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур буд.

Аз соли 2011 то соли 2014 дар вазифаи роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2014-2017 ҳамчун мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ кор кардааст.

Аз соли 2017 то соли 2020 дар вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” (соли 2016) ва Ифтихорномаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) сарфароз гардонида шудааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520