Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

21.01.2012 17:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Прокуратура ва Гвардияи Миллии Тоҷикистон пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Баъди суҳбат ва мувофиқат бо Сарвари давлат роҳбарони як қатор сохторҳои мақомоти номбаршуда иваз карда шуданд.
ҳамин тариқ, Прокурори вилояти Суғд аз вазифа озод ва ба ҷойи ў Шариф Қурбонов таъин карда шуд.

Ҳотам Назаров Прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва Дороб Асоев Муовини прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин гардид.
Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Мастчоҳ, Файзобод ва прокурори ҳарбии горнизони Хоруғ иваз карда шуданд.

Ба Прокурори шаҳри Душанбе барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар пойтахт, аз ҷумла ғасби ғайриқонунии қитъаҳои замин, муборизаи нокофӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашамандӣ, ҷиноятҳои миёни наврасону ҷавонон ва фурўши аттестатҳои қалбакии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар маҷлиси солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, 6 моҳ муҳлат дода шуд.

Дар Гвардияи Миллии Тоҷикистон бошад, ҳабибулло Сафаров Муовини якуми сардори Сарситоди ин сохтори низомӣ ва 7 нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарии чанд раёсату шуъба ва қисмҳои низомӣ таъин карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи онҳо хатмкардагони мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои гуногуни мутараққӣ буда, дорои сатҳи баланди касбӣ ва кордонӣ мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан, иҷрои бомасъулияти уҳдадориҳои хизматӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан бо ҷиноятҳои созмонёфта ва хислати коррупсионидошта, тарбияи босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ дар миёни ҳайати шахсӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520