Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев

05.05.2020 18:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар  паҳлӯи халқи бародари ӯзбек қарор дорад.

Сарони давлатҳо  авзои  кунунии эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро  баррасӣ  намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъяти  ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд. Дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагии худро барои амалҳои муштарак ҷиҳати рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Сарони давлатҳо инчунин оид ба рӯзномаи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.   Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки  ҷиҳати  рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ чораҳои таъхирнопазир меандешанд.

Президенти Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Ӯзбекистон саломатӣ ва бурдборӣ таманно намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520