Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон

28.05.2020 06:57, ноҳияи Ҷайҳун

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароитҳои мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд.

Таъкид карда шуд, ки бо эълони вазъияти пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада, корҳои заруриро ба сомон расонид.

Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии нави COVID-19, муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизотӣ зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маводҳои зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки то ин давра давлату Ҳукумати мамлакат сомон доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ намуданд.    

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520