Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

13.02.2012 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар оѓози машварат доир ба ин ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ ахбори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо нерўи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ бояд ҳамаҷониба вусъат дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520