ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 15 июни соли 2020 №332
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Одиназода А.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Одиназода Азиз Абдусаттор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон