Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директорони минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Теодор Алерс ва Кумар Ҷа

14.02.2012 17:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва Директори нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Теодор Алерс дар оғози суҳбат Директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар ҷаро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

Зимни суҳбат аз дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 190 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ 14 лоиҳаи муҳим амалӣ мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ, асосан рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика дастгирӣ менамояд.

Ба иттилои Теодор Алерс, миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ боз 4 лоиҳаи дигар бо маблағи 48 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расидааст, ки татбиқашон соли равон оғоз меёбад ва ин нисбат ба грантҳои дар соли 2011 ҷудошуда 10 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид.

Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ҳарду ҷониб ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба кам кардани талафоти техникии нерўи барқ, таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии барқ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон омодагии устувори худро таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520