Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

30.06.2012 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи соҳаҳои прокуратура ва мақомоти корҳои дохилиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ муовини прокурори шаҳри Душанбе, прокурори шаҳру ноҳияҳои Фирдавсӣ, Хуҷанд, Истиқлол, Балҷувон, Данғара, Ҷалолиддини Румӣ, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Нуробод, Истиқлол ва роҳбарони чанд сохтори дигар иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба мушкилоти вобаста ба ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, коррупсия, тамаъҷӯӣ, заминфурӯшӣ ва ғайра ҷалб намуда, онҳоро ба садоқату фидокорӣ нисбати ватану ватандорӣ, ҳифзи оромию субот, манфиатҳои мардуми заҳматкаш, адолати иҷтимоӣ ва ба муборизаи беамон бо унсурҳои ҷиноию қонуншикан ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки бо мардум муомилаю муоширати хуб дошта бошанд, зеро иззату эҳтиром ва боварию эътимоди аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо омили муҳими пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520