Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини якуми сарвазири Узбекистон Рустам Азимов

22.02.2012 17:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми сарвазири Узбекистон, вазири молияи ин кишвар Рустам Азимовро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муайяну мушаххас намудани хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Узбекистон дар қитъаҳои баҳсноки он баррасӣ шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба маҷмўи масоили дигари вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда дар асоси ҳусни ҳамсоягӣ ва муносиботи дўстии бисёрасраи ду миллати бародар ҳалли мусбии худро меёбанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520