Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» дар шаҳри Хуҷанд

02.07.2020 07:55, шаҳри Хуҷанд

2 июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» шинос шуданд.

Корхонаи «Сирдарё» соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар масоҳати 0,58 садяк замин бунёд шуда, масоҳати якҷояи коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳамагӣ 0,48 садякро дарбар мегирад ва дар ҳамин ҳаҷми хурди масоҳат бо ҷойгир намудани 6 хату таҷҳизоти технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот, рехтану банду басти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, 3 хати технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250 грамма, 1 литра ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ мебошанд.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар таъсиси чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ баҳои баланд доданд.

Дар корхонаи «Сирдарё» бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд. Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад. Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.

Соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат, ба банду басту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва зарфҳои шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мемонанд.

Ба маҳсулоти корхона харидорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ менамоянд ва афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд.

Дар корхонаи Сирдарё беш аз 40 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин буда, бо васеъ намудани фаъолият шумораи коргарону мутахассисон ба 60 нафар расонида мешавад.

Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ бо назардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот дар як шабонарӯз наздики 10 тонна меваю сабзавот буда, соҳибкорон барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсол нақшаҳои навро амалӣ менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520