Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов

02.07.2020 11:05, ноҳияи Ҷаббор Расулов

2 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Заркор”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.

Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад ва дар масоҳати 0,09 гектар гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ин оила самаранок истифода гардида, ҳамеша ҳосили фаровон ба даст меоранд ва дар чорводорӣ низ муваффақияти зиёд доранд.

Ғулом Тӯрабоев бо хонавода ҳамчунин ба чорводорӣ машғул буда, 13 сар чорвои хушзот парвариш менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд мебинанд.

Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори хуш доранд.

Ташкили гармхона ва аз як қитъа замини наздиҳавлигӣ гирифтани се чор ҳосил шаҳодати истифодаи мақсадноки замин аз ҷониби сокини деҳаи “Заркор”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев мебошад.

Ҳамчунин ин деҳқони соҳибтаҷриба бо мақсади истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ дар байни қаторҳои ниҳолҳои лимӯ, ки дар гармхона парвариш карда мешаванд, маҳсулоти лубиёгӣ кишт карда, ҳосили зиёд ба даст меорад.

Дарвоқеъ, хоҷагидорону сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо истифода аз имконияти мавҷуда ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзию наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд низ ба даст меоваранд.

Барои мисол, рӯзгори сокини деҳаи “Заркор”-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев ва аҳлу оилааш аз ҳамин ҳисоб аст, зеро оилавӣ дар замин меҳнат менамоянд.

Аснои шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд дода, бори дигар аз муҳимияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Ғулом Тӯрабоев ба хотири муарифии натиҷаи самараи ба дастовардаи аҳли оилааш намоишгоҳ ташкил намуда, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, зардолу ва олуча ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз натиҷаи заҳмати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов фаровонии маҳсулотро самараи меҳнати содиқона  дар самти истифодаи мақсадноки қитъаи  замини наздиҳавлигӣ маънидод намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520