Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ

22.02.2012 16:30

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истиқболи солгарди 19 – уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон машварати идона доир намуд.

Сарвари давлат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорати идораҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар симои онҳо тамоми ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кулли воҳидҳои низомиро бо солгарди 19 –уми таъсиси нерўҳои дифоии кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои ҳифзи амну суботи Ватани азиз ва ҳаёти осоиштаи мардуми заҳматкаш матонату далерӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ, сиҳҳати комил ва хушбахтӣ таманно намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи начандон тўлонӣ, вале пур аз шебу фарозҳои қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид дошт: «Мо артиш надоштем, ҳатто афсару генерали низомӣ надоштем. Ин воқеияти пурдаҳшати он солҳо буд ва ҳар як афсару сарбоз бояд хуб донанд, ки мо дар шароити вазнини зери хаймаҳои саҳроӣ дар фурўдгоҳи Айнӣ Артиши миллӣ таъсис додем».

ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло таъминоти моддию техникии қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, яъне маоши афсарону сарбозон ва кормандони дигар мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таъминот бо либосворию хўрока, техникаю таҷҳизоти муосири хизмати ҳарбӣ ва ғайра нисбат ба солҳои пешин даҳҳо баробар афзудааст ва ин ҳар як муҳофизи марзу буми Ватан ва оромию суботи кишварро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона водор месозад.

Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди машварат онҳоро бори дигар бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ба боварию эътимоди мардуми шарафманди Тоҷикистон чун муҳофизони шуҷои Ватан ва рўзгори осудаи сокинони он сазовор бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520