Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор

22.07.2020 09:08, шаҳри Ҳисор

22 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Талабшо Давлатов шинос шуданд.

Талабшо Давлатов бо аҳли оилааш масоҳати 0,10 гектарро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ босамар истифода менамоянд. Ӯ дар қитъаи замини наздиҳавгилӣ кишти зироати лубиёгӣ ва сабзавотро хуб ба роҳ монда, ҳамасола аз ду то се ҳосил аз як замин ба даст меорад.

Истифодаи мақсадноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам овард, ки ин оила ҳосили фаровони сабзавоту полезӣ рӯёнида, сатҳи зиндагии худро баланд бардоранд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои захираи ду соли минбаъда пешбинӣ шудааст, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар анбор номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандуму лубиё, наску нахуд, мошу зағир ва дигар навъи зироати кишоварзӣ дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин наздики 50 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки аксари он ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамин оила мебошад, дар шакли консерва захира гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Талабшо Давлатов баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ маҳз дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ оилаи Давлатовҳо дар шаҳри Ҳисор ҳосили дилхоҳи помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, картошкаву пиёз, ҷуворию лубиё, караму сабзӣ, сирпиёз ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ мегиранд. Ҳамин тариқ заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори босаодат доранд.

Дар истифодаи мақсадноку босамари қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бештари сокинони деҳаи “Ҳаёти нав”-и шаҳри Ҳисор фаъолияти назаррас дошта, баробари таъмини аҳли оилаи худ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин дар ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми фаъол мегузоранд.

Аз меҳнати садоқатмандона ва муносибати дилсӯзона ба замин дастурхони сокинони ин гӯшаи файзбори диёр пурнозу неъмат гардида, сатҳи некуаҳволиашон сол то сол беҳтар мегардад. Захира намудани маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум саҳм хоҳад гузошт.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи оилаи Давлатовҳо дар истифодаи босамари замин баҳои баланд доданд.

Саҳни ҳавлӣ бошад, бо гулҳои рангоран зиннат ёфтааст, ки аз завқу салиқаи баланди зебоиписандии ин хонавода дарак медиҳад.

Талабшо Давлатон асосан табиб аст ва 27 сол инҷониб ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Талабшо Давлатов лавозимоти рӯзгор, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, ҷевону рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520