Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Тодд Шнайдер

29.02.2012 12:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз натиҷаҳо ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ба назар мерасанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз шартҳои муҳими беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба шумор меравад, зоҳир карда шуд.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «ҳадаф кам кардани шумораи андозҳо ва ҳаҷми онҳо мебошад, то ки андозсупорандагон даромадҳои воқеии худро рӯпӯш накарда, ба таври шаффоф амал намоянд». Изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин тарзи кор ҳам ба манфиати андозсупорандагон ва ҳам буҷети давлат буда, ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро аз миён мебардорад.

Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони муассисаҳои байналмилалии молиявӣ таҳия мегардад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба барномаи ояндаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор, ки дар ҳоли баррасӣ аст, сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520