Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ Ник Харви

02.03.2012 11:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ Ник Харвиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

«Британияи Кабир аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо аст ва мо ба густариши бемайлони робитаҳо бо он ҳавасмандем», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ник Харви, бо ишора ба нақши калидии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва кумаки муҳими он ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар бозсозии эътидол дар Афғонистон, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар арзи сипос намуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвари ноором ва таҳкими эътидоли минтақавӣ зоҳир карда шуд. Ник Харви, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба Тоҷикистон бештар кумак намояд, то ки ин кишвар дар иҷрои рисолати муҳими худ барои пешгирӣ аз хатарҳои мазкур дар марзи тӯлониаш бо Афғонистони ноором ҳамеша муваффақ бошад.

Дар робита ба ин омодагии Британияи Кабир ба рушди ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид гардид. Масоили ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни Тоҷикистону Британияи Кабир низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520