Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Маркази савдои “Нигини Хоруғ” дар шаҳри Хоруғ

21.08.2020 09:27, шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бинои Маркази савдои “Нигини Хоруғ” дар шаҳри Хоруғ   21.08.2020

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардид.

Мувофиқи лоиҳа бинои маркази савдо аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои “Нигини Хоруғ” барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд, ки онҳо метавонанд дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулон дар рафти корҳои сохтмонӣ қариб 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ карда, барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамоянд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун саҳми худро мегузоранд.

Баъди сохта мавриди истифода қарор додани бинои нави маркази “Нигини Хоруғ”, ки он бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ба сокинон молу маҳсулоти хушсифат пешниҳод карда мешавад.

Пас аз ифтитоҳ кардани бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат ба бештар аз 100 нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки ин иқдом нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал оварданд.

Аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Дар вилоят номгуйи зиёди гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 110,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ бо деҳқонон сӯҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд гардида, қариб 9 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овард, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳамагуна зароат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520