Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат

26.08.2020 17:32, шаҳри Душанбе

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Нурободро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка ва омодагии бахшҳои иқтисоди миллӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола, шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ барои зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Лахш ва Нуробод ҳамчунин доир ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, аз ҳозир омода кардани соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус маорифу тандурустӣ ба давраи зимистон ва таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520