Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев

02.03.2012 12:00

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории 20-солаи Тоҷикистону СММ ва дурнамои рушди муносиботи судбахш баррасӣ шуд.

Александр Зуев Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо солгарди 20-уми ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ доир ба натиҷаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи 20-сола муфассал иттилоъ дод.

Тавре зикр гардид, дар 10 соли охири ҳамкорӣ бо мусоидати СММ дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумор амалӣ гардидаанд. Ҳаҷми кӯмакҳои 20-солаи тавассути СММ ба Тоҷикистон воридшуда бошад, бо назардошти арзиши амалиётҳои посдории сулҳ дар солҳои аввали ҳамкорӣ, ба миллиардҳо доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Ҳоло намояндагиҳои 22 муассисаи СММ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки беш аз 700 нафар корманд доранд. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар соли 2011 ҳаҷми кӯмакҳои молиявию техникии СММ ба Тоҷикистон ба 70 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Бо дастгирии муассисаҳои СММ имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти СММ барои кумакҳои сершумори гузашта ва дастгирии имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос кард.

Александр Зуев низ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои ташаббусҳои сершумори судбахш, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ мебошанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520