Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд

02.09.2020 14:14, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ боиси андуҳи мо гардид.

Марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520