Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ дар кӯчаи Исмоилӣ Сомонии шаҳри Турсунзода

07.09.2020 08:19, шаҳри Турсунзода
Ба истифода додани зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ дар кӯчаи Исмоилӣ Сомонии шаҳри Турсунзода  07.09.2020

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат нахуст бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳи барқӣ,  воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Дар бинои танзим ва ҳимояи релегӣ нақшаи якхатаи зеристгоҳи мазкур, ки базаи асосии идораи таъминкунандаи нерӯи барқ маҳсуб мешавад, муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки шиддати зеристгоҳи барқии “Равшан” то татбиқи лоиҳа бо дарназардошти сохтори техникӣ дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард. Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардошта шуд.

Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан” солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, дастгоҳу таҷҳизоти он бо сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисман фарсудаву корношоям гардида буданд.

Барои барқарорсозии зеристгоҳи мазкур ва мувофиқ намудани таҷҳизоти он ба стандарти муосир, бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаи таҷдид зеристгоҳи барқии “Равшан” пурра навсозӣ гардида, дар рӯзҳои таҷлили 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастоварди беназир дар соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад.

Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёду навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар гардид.

Вобаста ба талаботи муштариён миқдори истифодаи нерӯи барқ дар зеристгоҳи мазкур шабонарӯзӣ 550 мегаватт нерӯи барқро ташкил медиҳад.

Зеристгоҳи барқии “Равшан” дар баробари таъмини пурраи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Турсунзода  ҳамзамон қисман ноҳияи Шаҳринавро бо барқи сифатан хуби истеҳсоли ватанӣ таъмин менамояд.   

Фармоишгари лоиҳа Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” буда, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба анҷом расонида шуд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва таъмини босифати он ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъмини доимии нерӯи барқ дар фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ ва афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ низ мусоидати фаъол менамояд. Зеристгоҳи барқии “Равшан” бо назардошти рушди ояндаи инфрасохтори шаҳр, яъне бунёд гардидани боз даҳо иншооти таъиноти гуногун аз нав таҷдид шуда ин тадбир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки шаҳр заминаи мусоид мегузорад.

Дар доираи лоиҳа, тавассути васлу насби ду адад автотрансформатори иқтидорашон 125 МВА, ду адад трасформатори шиддаттанзимкунандаи 40 МВА, як адад трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазӣ ва ҷудокунакҳои барқӣ,равоқпояҳо, трансформаторҳои шиддат ва ҷараён, гурӯҳи реакторҳо, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи 10 кВ ва дигар таҷҳизоти барқӣ, бунёди бинои нави дастгоҳҳои тақсимкунанда ва бинои нави идоракунӣ азнавсозӣ гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа ҳамзамон таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” дар шаҳри Турсунзода амалӣ гардид.

Дар зеристгоҳи мазкур ду адад трансформатори 25 МВА насб гардидааст. Зеристгоҳи барқии 35/ 10 кВ-и “Минтақаи саноатӣ” пас аз навсозӣ аз зеристгоҳи барқии 35/10 кВ тавассути васеъсозӣ ё худ бунёд намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ табдил дода шуда, тавоноии он аз 20 МВА ба 50 МВА баланд бардошта шуд.

Азнавсозии зеристгоҳҳои болозикр имкон фароҳам овард, ки шиддатнокӣ дар шабакаҳои барқии минтақа устувор, сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин зеристгоҳҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шаванд. 

Маҷмуи ноқилҳои барқӣ ва ноқилҳои таҷҳизоти баландшиддат дар ҳаҷми беш аз 24 тонна ба маблағи 659 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаи ватании Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди  “Ноқили Талко” истеҳсол ва таҳвил карда шудааст.

Илова бар ин хати интиқоли барқи 35 кВ байни ин зеристгоҳҳо азнавсозӣ гардида, шиддати он аз 35 кВ ба 110 кВ баланд бардошта шуд. 

Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи зеристгоҳ пурра таъмиру навсозӣ гардида, барои зебову назаррабо гардидани он гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ ва дарахтони мевадиҳанда шинонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520