Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Малайя Кришнаро ба ҳузур пазируфт.
Соманахалли Малайя Кришна даъватномаи Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба ин кишвар тақдим намуд. Тавре зикр гардид, сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон, ки дар моҳи сентябри соли равон дар нақша аст, таконбахши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар хоҳад буд.
Зимни суҳбат масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амниятию низомӣ ва фарҳангию маърифатии ду кишвар баррасӣ гардид.
Аз натиҷаҳои 20 соли муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муддат 35 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, заминаи хуби ҳамкорӣ муҳайё гардидааст. Бо иштироки сармояи Ҳиндустон ҳоло дар Тоҷикистон 5 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва нерӯгоҳи Варзоб-1 навсозӣ мешавад.
Бо зикри натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ, ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз хеле зиёданд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва доир ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавассути қаламрави ин кишвар сурат гирифт.